Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳмоналӣ Мирализода дар ибтидо аз ҷониби худу ҳамроҳонаш аз Вазорати фарҳанги Эрон ташаккур кард ва гуфт : Мавзӯи тарҷума дар Тоҷикистон аз се тариқ иҷро мешавад;якум забони тоҷикӣ, дувум забони русӣ ва сеюм истифода аз зарфиятҳои забони форсӣ.
Вай афзуд : Ҳамаи муассисоти табъу нашр воҳидҳои тарҷумаи худро доранд . Ҳамчунин аз зарфияти мутарҷимони мустақил истифода мекунанд . Мо дар мавзӯи забони вижа имтиёзҳои дигаре дорем, ки камбудҳоро ҷуброн мекунад . Мо дар ҳавзаи форсизабонон дар тарҷумаи ду турфа осор ба хубӣ аз зарфиятҳо истифода мекунем. Ҳамчунин бо баргузории намоишгоҳҳо, иртиботи худ бо нависандагону мутарҷимонро ҳифз мекунем . Дар Тоҷикистон намойишгоҳе дар фасли пойиз бо унвони намоишгоҳи Душанбе баргузор мекунем . Мо дар ҳавзаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар кишварҳое, ки тафоҳумоти фарҳангӣ имзо мекунем ҳам ҳамкориҳое дорем .
Вай тасреҳ кард : Аммо дар асри ҷаҳонӣ шудан мушкилоте дар ҳавзаи тарҷума дорем . Анбӯҳи иттилоот халои замонро барои мардум эҷод мекунад . Яке аз роҳҳои дастрасӣ ба осори кишварҳои дигар сайтҳои интернетӣ аст, ки гоҳе тарҷумаҳои ғайриҳирфаӣ ироа медиҳанд . Аммо то ҳадде корро барои ошноӣ бо асари марбута роҳ меандозанд . Мо бояд дунболи роҳҳои ҷадиди ҳалли ин масаъла бошем. Бояд ин масаъларо баррасӣ кунем . Ин мавзӯ паҳлуҳои гуногун дорад, ки ниёзманди ироаи роҳкорҳост.